Панҷ рӯзи пурмаҳсул: конференсияҳо, саммитҳо, бизнес-форумҳо, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ
Маросими ифтитоҳ, фестивали либосҳои миллӣ, чорабинии фарҳангӣ
Таҷлили Наврӯз, саммити ректорон, хатсайрҳои сайёҳӣ
Конфронсҳои байналмилалӣ, бизнес-форум, мастер-класс
Олимпиадаҳо, конфронсҳои минтақавӣ, чорабиниҳои варзишӣ
Конфронс дар Хуҷанд
Чорабиниҳои амалӣ дар шаҳри Левакант
Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: GREEN. DIGITAL. SMART»
Маросими ифтитоҳ чорабинии марказӣ ва сатҳи баланди Форуми байналмилалӣ буда, барномаи панҷрӯзаи чорабиниҳои байналмилалӣ, илмӣ, таълимӣ, корӣ (бизнес, сармоягузорӣ) ва ҷавононро оғоз мебахшад.
Маросими ифтитоҳ чаҳорчӯбаи стратегии Форумро муайян намуда, афзалиятҳои рушди устувор, иқтисоди сабз, табдили рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва шарикии байналмилалиро инъикос менамояд.
Маросими ифтитоҳ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иштирокчии фаъол ва ташаббускори рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, инчунин талошҳои онро ҷиҳати таҳкими муколама ва шарикии байналмилалӣ таъкид хоҳад кард.
«Донишгоҳҳои оянда: Green. Digital. Smart» (дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart»)
Донишгоҳҳо дар татбиқи рӯзномаи глобалии рушди устувор, ташаккули иқтисоди сабз, табдили рақамӣ ва омодасозии кадрҳои оянда нақши калидиро иҷро менамоянд. Саммити ректорон ҳамчун платформаи муколамаи стратегии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои баррасии масъалаҳои ҳамгироии принсипҳои рушди устувор, ҳалли рақамӣ ва «ҳушманд» дар низоми таҳсилоти олӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадаф — ташаккули платформаи байналмилалии ҳамкории донишгоҳҳо барои пешбурди модели донишгоҳи сабз, рақамӣ ва ҳушманд.
Ба иштирок даъват карда мешаванд:
Натиҷаи асосии Саммит қабули Эъломияи донишгоҳҳои сабз хоҳад буд, ки ба таҳкими шарикии байналмилалӣ, рушди донишгоҳҳои сабз, рақамӣ ва ҳушманд, инчунин дастгирии рӯзномаи глобалии рушди устувор равона гардидааст.
https://forum.iutet.tj
E-mail: forum@iutet.tj
(+992) 985-77-79-00 (Фарҳод Шарофзода)
(+992) 979-66-00-10 (Зулфия Қурбонзода)
(+992) 934-88-86-60 (Фатҳулло Ҷабборов)
(+992) 900-85-10-90 (Гулшан Бодурова)
«Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз» (дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»)
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи байналмилалии рушди устувор, амнияти экологӣ ва сиёсати иқлимӣ мавқеи фаъол ва эътирофшуда дорад. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, дар қатъномаҳои Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид инъикос гардидаанд.
Дар ин замина, баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ба таҳлили илмии саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, рушди дипломатияи сабз ва таҳкими муколама миёни илм, дипломатия ва созмонҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.
Ҳадаф: Ташаккули платформаи бонуфузи коршиносӣ-дипломатӣ барои баррасии саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди дипломатияи сабз дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.
Ба иштирок дар конфронс даъват карда мешаванд:
Хароҷоти сафари иштирокчиёни хориҷӣ аз ҳисоби ҷониби фиристанда таъмин карда мешавад. Хароҷоти вобаста ба ҷойи зист, ғизо ва нақлиёти дохилии иштирокчиён дар давраи баргузории ҳамаи чорабиниҳои Форум, аз ҷумла конфронси мазкур, аз ҷониби қабулкунанда пардохт мегардад.
Дар натиҷаи конфронс таҳияи тавсияҳои илмӣ-коршиносӣ оид ба рушди устувор ва дипломатияи сабз дар назар дошта шуда, инчунин маҷмӯаи маводи илмӣ нашр мегардад. Маводи конфронс дар пойгоҳҳои иттилоотӣ ва платформаҳои институтсионалии ташкилкунандагон ҷойгир карда мешаванд.
Сомонаи расмии Форум: https://forum.iutet.tj
Почтаи электронӣ: forum@iutet.tj
(+992) 979-66-00-10 — Зулфия Қурбонзода
"Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ" (16 апрели соли 2026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, к. Теҳрон, 5)
Дар шароити муосири дигаргуниҳои ҷаҳонии иқтисодиёт, рақамисозӣ, густариши равандҳои ҳамгироӣ ва рушди устувор, ҳамкории самаранок миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва бахши хусусӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, навсозии иқтисодиёт ва баланд бардоштани ҷалби сармоягузориро амалӣ менамояд, ташаккули механизмҳои устувори шарикӣ миёни давлат, илм ва бахши хусусӣ яке аз омилҳои асосии баланд гардидани рақобатпазирии кишвар ба ҳисоб меравад.
Рушди иқтисоди инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муколамаи мунтазам ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамояд.
Баргузории Бизнес-форуми байналмилалӣ заминаи муносибро барои баррасии ошкорои масъалаҳои мубрам, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, муаррифии лоиҳаҳои илмӣ ва сармоягузорӣ, инчунин таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ фароҳам месозад.
Эҷоди платформаи муколамаи муассир барои тақвияти ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ва бахши хусусӣ, ки ба рушди иқтисоди инноватсионӣ, соҳибкорӣ ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Барои иштирок даъват карда мешаванд:
Телефон: (+992) 92-726-87-87
Шахси масъул: Ҳошимзода Раъно Ҳошим
Директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» (14–18 апрели 2026, Душанбе)
Баргузории олимпиадаҳои байналмилалӣ дар доираи Форум ба рушди потенсиали зеҳнии ҷавонони донишҷӯ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо ва ташаккули малакаҳои дар шароити рушди устувор, иқтисоди рақамӣ ва дигаргунии глобалии маориф талабшаванда нигаронида шудааст.
Олимпиадаҳо ба ҳамгироии раванди таълим бо фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалии академӣ мусоидат менамоянд.
Муайян кардан ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат, рушди малакаҳои касбӣ ва таҳлилӣ, инчунин ҳавасмандгардонии ҷавонон ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва технологияҳои рақамӣ.
Олимпиадаҳо дар шакли супоришҳои тестӣ, вазифаҳои таҳлилӣ ва кейсҳои амалӣ баргузор мегарданд. Арзёбӣ аз ҷониби ҳайати довариён аз ҷумлаи устодон, коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи меъёрҳои ягона ва шаффоф сурат мегирад.
Телефон: (+992) 918-71-50-05
E-mail: forum@iutet.tj
Шахси тамос: Қудратов Некрӯз Абдунабиевич — д.и.ҳ., профессор, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
«Рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ дар шароити саноатикунии босуръати иқтисодиёт» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (17 апрели соли 2026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Данғара)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозорҳои байналмилалӣ, масъалаи рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишварҳо табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ муайян гардидааст (эълон дар Паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон), ин мавзуъ аҳаммияти махсус касб мекунад.
Рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридот мусоидат менамояд. Саноатикунонии босуръат заминаи фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиию меҳнатиро муҳайё месозад.
Рушди устувор на танҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳифзи муҳити зистро низ дар бар мегирад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба «иқтисоди сабз», мутобиқ сохтани саноат ба меъёрҳои байналмилалии экологӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Густариши истеҳсолоти ватанӣ боиси таҳкими рақобатпазирии миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мегардад. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ омили муҳими таъмини рушди дарозмуддат мебошад.
Омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили назариявию амалии рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёт, инчунин муайян намудани омилҳо, захираҳо ва механизмҳои самараноки таъмини рушди дарозмуддати соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои иштирок даъват карда мешаванд:
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Данғара, кӯчаи И. Шариф 3
Тел.: (+992) 551-27-90-90
Шахси масъул: Ҳамидов Фаррух Алиевич — мутахасиси шуъбаи илм ва инноватсияи МД «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
«Усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» (17 апрели соли 2026, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Конфронс ба такмили усулҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити табдили рақамии ҷомеа ва татбиқи фаъоли технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим бахшида шудааст.
Воситаҳои муосири рақамӣ, платформаҳои онлайн ва системаҳои интеллектуалӣ имкониятҳои навро барои рушди салоҳияти забонӣ, муоширати байнифарҳангӣ ва тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир фароҳам меоранд.
Конфронс барои рушди муколамаи илмӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ равона шудааст.
Муҳокимаи ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии истифодаи усулҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъӣ, инчунин таҳияи тавсияҳо барои беҳтар кардани таълими забон.
Барои иштирок дар конфронс даъват карда мешаванд:
Маводҳои конфронс ҳамчун маҷмӯаи мақолаҳо нашр карда мешаванд ва дар китобхонаи электронии илмии eLIBRARY.RU ҷойгир карда мешаванд.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбада, 48/5
Тел.: (+992) 92-900-00-95
Шахси масъул: Очилова Меҳринисо Илҳомовна
«Рушди устувори низоми молиявию қарзӣ дар шароити рақамкунонии иқтисодиёт» (16 апрели соли 2026, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рақамисозии иқтисод сохтори хизматрасониҳои молиявӣ ва механизмҳои қарзиро ба таври амиқ дигаргун месозад. Ин раванд барои дарки хатарҳо, имкониятҳо ва талаботи танзимкунанда аҳамияти назаррас дошта, заминаи илмиро барои таҳияи сиёсати амалӣ, моделҳои арзёбӣ ва механизмҳои ҳифзи истеъмолкунандагон фароҳам меорад.
Рақамисозии иқтисод на танҳо самаранокии хизматрасониҳои молиявиро меафзояд, балки имкониятҳои навро барои дастрасӣ ба қарз ва сармоягузорӣ миёни аҳолӣ ва соҳибкорон таъмин менамояд.
Рақамисозии молия ва қарз ба рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва тиҷорати электронӣ мусоидат карда, Тоҷикистонро ба бозори байналмилалӣ дастрастар мегардонад.
Таҳлили илмӣ ва пешниҳоди ҳалли амалӣ барои устуворӣ ва самаранокии низоми молиявию қарзӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт.
Барои иштирок дар конфронс даъват карда мешаванд:
Маводҳои конфронс ҳамчун маҷмӯаи мақолаҳо нашр карда мешаванд ва дар китобхонаи электронии илмии eLIBRARY.RU ҷойгир карда мешаванд.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбада, 48/5
Тел.: (+992) 98-800-01-21, (+992) 988-18-55-51, (+992) 939-00-07-37
Шахси масъул: Раҳматзода Далер Талбак
«Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ» (дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart»)
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сайёҳии устувор, гардишгарии фарҳангию экологӣ ва этнографӣ тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон аз равишҳои муосири таҳлил, storytelling-и рақамӣ (ривоятгарии диҷитолӣ), муҳтавои чандрасонаӣ ва роҳбурдҳои бозорёбии иттилоотӣ истифода намоянд. Бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории мастер-класси байналмилалӣ барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон аҳаммияти муҳим хоҳад дошт.
Баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорони соҳаи сайёҳӣ тавассути омӯзиши равандҳои муосири байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадам ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таҳияи маводи журналистӣ.
Вебсайт: https://forum.iutet.tj
E-mail: ctourism.tj@gmail.com, amini87@internet.ru
(+992) 938-85-81-91 (Аминӣ Алишер)
(+992) 915-67-67-98 (Саидзода Машҳура)
«Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим» дар доираи Форуми байналмилалӣ «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (17 апрели соли 2026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Левакант)
Тағйирёбии глобалии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ва обёрии минтақа маҳсуб меёбанд. Об меҳвари иқтисоди сабз аст.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, идоракунии дурусти захираҳои обӣ на танҳо кафолати зиндагии наслҳои оянда, балки шарти асосии рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Идоракунии оқилонаи ин захираҳо метавонад ягона роҳи пешгирӣ аз бӯҳронҳои иқлимӣ мебошад.
Баргузории конференсияи мазкур ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба байни муҳаққиқон ва коршиносон равона гардидааст.
Таҳияи механизмҳои илман асоснокшудаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои гузариш ба иқтисоди сабз бо мақсади таъмини рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти миллӣ.
Барои иштирок даъват карда мешаванд:
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Левакант, хиёбони Рӯдакӣ 21
Тел.: (+992) 917-34-02-94
Шахси масъул: Ашуров Ардамеҳр
«Тамоюлҳои муосири таъминоти ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ» дар доираи Форуми байналмилалӣ «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (16 апрели соли 2026, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мубрамияти конфронс бо зарурати таҳлили илмии равандҳои табдили рақамии ҷомеа ва ҷорӣ намудани фаъоли технологияҳои зеҳни сунъӣ асоснок мегардад, ки онҳо характери муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, такмили механизмҳои танзими ҳуқуқиро талаб менамоянд.
Дар шароити муосир масъалаҳои таъмини рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи рақамигардонӣ ва зеҳни сунъӣ аҳамияти махсус касб менамоянд.
Баррасии ҳамаҷонибаи тамоюлҳои муосир ва мушкилоти мубрами таъминоти ҳуқуқии рушди устувор дар шароити рақамигардонӣ ва татбиқи фаъоли технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин таҳияи тавсияҳои илмӣ-асоснок оид ба такмили қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ.
Ба иштирок дар конфронс даъват карда мешаванд:
Маводи конфронс дар шакли маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ нашр гардида, дар китобхонаи илмии электронӣ ҷойгир карда мешавад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбада, 48/5
Тел.: (+992) 100-400-879; (+992) 900-85-10-90
Шахсони масъул: Меликов У. А., Бодурова Г. Г.
«Ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ» дар доираи Форуми байналмилалӣ «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (18 апрели соли 2026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳо аҳамияти махсус касб менамоянд. Сайёҳӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва миллӣ ба татбиқи технологияҳои рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи усулҳои идоракунии экологӣ ниёз дорад.
Баргузории конференсияи мазкур ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди устувори сайёҳӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба байни муҳаққиқон ва коршиносон равона гардидааст.
Баррасии ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои рушди минбаъдаи соҳа.
Барои иштирок даъват карда мешаванд:
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, маҳаллаи 27, хонаи 1
Тел.: (+992) 92-700-72-76; (+992) 92-822-77-47
Шахси масъул: Шокирзода Шӯҳрат Усмон
«Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувор: таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба манфиати рушди устувор: Green. Digital. Smart» (16 апрели соли 2026, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мубрамияти баргузории конфронс бо афзоиши ҷойгоҳи соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии рақамии иқтисодиёт асос меёбад. Сайёҳӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо маҳсуб меёбад.
Таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ташаккули сиёсати самараноки давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин риояи тавозуни байни манфиатҳои иқтисодӣ, талаботи иҷтимоии ҷомеа ва зарурати ҳифзи муҳити зистро тақозо менамояд.
Ин мавзӯъ бо дарназардошти ҷойгоҳи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти рушди устувори сайёҳӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, рақамикунонии соҳа ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории бахши сайёҳӣ аз шартҳои муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар бозори байналмилалии сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Баррасӣ ва таҳияи равишҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва тавсияҳои амалӣ оид ба рушди сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ.
Барои иштирок дар кори конфронс даъват карда мешаванд:
Шахси масъул: Қодирзода Фазлиддин Садриддин
Тел.: (+992) 988-31-40-04
Пиёдагардии скандинавӣ ва велосайёҳӣ дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба манфиати рушди устувор: Green. Digital. Smart» (17–18 апрели соли 2026, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Чорабиниҳои варзишӣ дар доираи Форуми байналмилалӣ баргузор гардида, ду самтро дар бар мегирад: пиёдагардии скандинавӣ ва велосайёҳӣ. Чорабиниҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии фаъол ва экологӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ равона шудааст.
Пиёдагардии гурӯҳии ташкилшуда бо истифодаи таёқчаҳои махсус дар масирҳои Боғи Ғалаба. Чорабинӣ барои ҳамаи иштирокчиёни форум ва меҳмонон кушода аст.
Масири гурӯҳии велосипедронӣ аз ҷойҳои зебои шаҳри Душанбе ва атрофи он. Иштирокчиён аз зебоиҳои табиии Тоҷикистон баҳра бурда, бо иқтидори сайёҳии минтақа шинос мешаванд.
Ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони Форуми байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои варзишӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон ба иштирок даъват карда мешаванд.
дар доираи чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ»
Либоси миллӣ қисми муҳими мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошад, ки хотираи таърихӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва арзишҳои анъанавии халқро инъикос мекунад. Дар шароити рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ҳамчун воситаи муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими эътимод ва эҳтироми мутақобилаи байни халқҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Баргузории Фестивали либоси миллӣ дар доираи чорабинии «Шоми дӯстӣ» ба намоиши мероси бойи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби анъанаҳои миллӣ ва ташаккули имиҷи мусбати байналмилалии кишвар равона шудааст.
Муаррифии либоси миллӣ ҳамчун унсури муҳими мероси фарҳангӣ ва воситаи таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ дар доираи Форуми байналмилалӣ.
дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»
Дар шароити амиқ шудани ҳамкории байналмилалӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ, ҷанбаҳои фарҳангии рушди устувор аҳамияти махсус пайдо мекунад. Фарҳанг, анъана ва мероси миллӣ воситаи муҳими таҳкими эътимод байни халқҳо, ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром, ҳамчунин пешбурди симои мусбати байналмилалии кишвар мебошанд.
Баргузории чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» барои таъкид намудани сарвати мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишон додани арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва гуногунрангӣ, инчунин фароҳам овардани платформаи ғайрирасмии муошират барои иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Фароҳам овардани фазои фарҳангӣ ва иртиботӣ барои таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ, рушди ҳамкории башардӯстона ва ташаккули фазои дӯстӣ ва шарикӣ байни иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ.
Дастгирии ташкилию ҳамоҳангсозии чорабиниҳоро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалӣ менамояд.
дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»
Иди Наврӯз, ки ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, рамзи навсозӣ, эҷодкорӣ, пайдарпаии анъанаҳо ва талош ба оянда мебошад. Ин арзишҳо ба афзалиятҳои стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки ба рушди устувор, инноватсия ва ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст, мувофиқат мекунанд.
Баргузории чорабинии «Наврӯз ва дастовардҳои Донишгоҳ» ба муттаҳид кардани мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои муосири академӣ, нишон додани саҳми донишгоҳ дар рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди сабз ва рӯзномаи байналмилалии таълимӣ равона шудааст.
Муаррифии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва рушди устувор дар якҷоягӣ бо намоиши дастовардҳои ДБССТ дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва байналмилалӣ.
«Нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор» дар доираи Форуми байналмилалӣ «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (16 апрели соли 2026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисодиёт масъалаи рақамикунонӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишварҳо табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ муайян гардидааст, гузариш ба модели рушди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аҳаммияти махсус касб менамояд.
Рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба таъмини амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани шаффофият ва коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна мусоидат мекунанд. Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инноватсия ва хизматрасониҳои интеллектуалиро фароҳам меорад.
Модели нави рушди устувор на танҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки ба таъмини рушди «иқтисоди сабз» ва истифодаи самараноки захираҳо такя мекунад. Густариши инфрасохтори рақамӣ, рушди ҳукуматдории электронӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба таҳкими рақобатпазирии миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили назариявию амалии равандҳои рақамикунонӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ ҳамчун модели нави рушди устувори иқтисодиёт, инчунин муайян намудани омилҳо, захираҳо ва механизмҳои самараноки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва системаҳои интеллектуалӣ ҷиҳати таъмини рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ.
Барои иштирок даъват карда мешаванд:
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 27
Тел.: (+992) 22-330-61
Шахси масъул: Одиназода Сафарали Одина
«Green.Digital.Smart — Leadership Lab» — чорабинии расмии ҷавонон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» (20–24 апрели соли 2026, ш. Левакант, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ташаккули насли нави роҳбарони ҷавони рушди устувор, ки дорои салоҳиятҳои амалӣ дар соҳаи иқтисоди сабз, қарорҳои рақамӣ ва роҳбарияти масъули иҷтимоӣ мебошанд, ки қодиранд ташаббусҳои экологӣ ва иҷтимоиро дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ таҳия, татбиқ ва паҳн кунанд.
Барнома бар асоси омӯзиши ба таҷрибаи амалӣ нигаронидашуда (experiential learning), омӯзиши лоиҳавӣ, кори дастаҷамъӣ ва роҳнамоии менторӣ таҳия шудааст. Иштирокчиён ба ҳалли масъалаҳои амалӣ ҷалб гардида, дар гурӯҳҳои байнисоҳавӣ идеяҳои лоиҳавиро таҳия ва амалӣ менамоянд, ҳамзамон аз ҷониби коршиносон ва менторон дастгирии доимӣ ва бозхурд мегиранд.
Тамаркуз ба ташаккули тафаккури экологӣ ва салоҳиятҳои касбии «сабз». Иштирокчиён асосҳои иқтисоди сабз, хатарҳои иқлим, масъалаҳои гуногунии биологӣ, идоракунии партовҳо, захираҳои об ва энергетикаро меомӯзанд ва бо касбҳои ояндадори экологӣ шинос мешаванд. Қисми амалӣ таҳлили мушкилоти маҳаллии экологӣ ва таҳияи ҳалли амалиро дар бар мегирад.
Ҳадафи он азхудкунии воситаҳои муосири рақамӣ барои таҳлил, назорат ва пешбурди ташаббусҳои рушди устувор мебошад. Иштирокчиён бо платформаҳои рақамӣ, визуализатсияи маълумот, унсурҳои нақли рақамӣ ва воситаҳои онлайнии кори дастаҷамъӣ кор мекунанд, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва миқёспазирии лоиҳаҳои ҷавонон имкон медиҳанд.
Ба рушди роҳбарӣ ва «малакаҳои нарм» нигаронида шудааст: ҳамкории дастаҷамъӣ, суханрониҳои оммавӣ, далелноккунӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва кор бо ҷомеа. Ба малакаҳои муаррифии лоиҳаҳо, ҳамкорӣ бо мақомот, донорҳо ва шарикони маҳаллӣ диққати махсус дода мешавад.
Натиҷаҳои Youth Eco-Camp ба барномаҳои минбаъдаи ҷавонони Форум, ташаббусҳои донишгоҳ ва минтақа ворид карда мешаванд. Шабакаи ташаккулёфтаи хатмкунандагони лагер платформаи мубодилаи таҷриба, оғози лоиҳаҳои муштарак ва иштирок дар барномаҳои рушди устувори миллӣ ва байналмилалӣ хоҳад буд.