Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Баромадкунандагон
Иштирокчиён
Кишварҳо
14-18 апрели 2026 • Душанбе, Тоҷикистон
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 18 апрели соли 2026 Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»-ро баргузор менамояд.
Форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди сабз, гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсиязо ва қарорҳои “ҳушманд”-ро муттаҳид месозад.
Дар доираи Форуми мазкур гузаронидани саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, мусобиқаҳои сайёҳии варзишӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Таваҷҷуҳи махсус дар барномаи Форум ба чорабиниҳое бахшида мешаванд, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи эътироф шудаанд.
Барои иштирок дар Форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи коршиносон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин гурӯҳҳои ташаббускори ҷавонон даъват карда мешаванд.
Форум ба тақвияти ҳамкориҳои устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.
Иқтисодиёти сабз, устувории экологӣ ва ҳифзи муҳити зист
Табдилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ
Қарорҳои ҳушманд барои иқтисодиёти устувор ва рушди сармояи инсонӣ
Таҳкими ҳамкории байналмилалии академӣ дар соҳаи рушди устувор
Пешбурди навовариҳо, технологияҳои рақамӣ ва қарорҳои "ҳушманд" барои иқтисоди устувор
Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, стартапҳо ва лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи экология, иқлим, захираҳои об, энергетика ва шаҳрсозии сабз, инчунин намоиши таҷрибаҳои беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ
Пешбурд ва дастгирии институтсионалии ташаббусҳои глобалӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди устувор, рақамикунонӣ ва истифодаи масъули зеҳни сунъӣ
Панҷ рӯзи пурмаҳсул: 14-18 апрели 2026
Кушодашавии тантанавӣ бо иштироки 500 меҳмон аз 20+ кишвари ҷаҳон
Вохӯрии роҳбарони донишгоҳҳои устувор барои рушди консорсиумҳои таълимӣ
«Ҳамгироии равандҳои сабз, рақамӣ ва ҳушманд дар таъмини рушди устувор»
«Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз»
Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ
Мусобиқаҳо аз 6 фан бо иштироки 300 донишҷӯ аз кишварҳои гуногун
Фестивали арзишҳои миллӣ ва чорабиниҳои варзишӣ
Мусобиқаҳо дар варзишгоҳ ва боғҳо бо иштироки 500 иштирокчӣ
Форум намояндагони секторҳои гуногунро муттаҳид мекунад
Намояндагони вазоратҳо ва идораҳо
Муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои академӣ
Институтҳо ва лабораторияҳои илмию тадқиқотӣ
Корпуси дипломатӣ ва намояндагони СММ
Сектори хусусӣ ва иттиҳодияҳои бизнес
Соҳибкорони ҷавон ва навоварон
Созмонҳои экологӣ ва волонтёрӣ
Журналистон ва намояндагони ҷомеаи медиа
Формаро пур намуда, бо коршиносони пешбари соҳа ҳамроҳ шавед