Барномаи Форум

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» • ДБССТ, 13–18 октябри соли 2026

13–18 октябри соли 2026 • Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 октябри

Рӯзи 1

13 октябри 2026

08:30 – 10:00

Намоишгоҳи идонаи «Шукӯҳи Меҳргон»

Ҷойи баргузорӣ ДБССТ
Масъулон Ҳамаи воҳидҳои сохтории Донишгоҳ
Шарикон Вазорату идораҳо тибқи рӯйхат
10:00 – 12:00

Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ»

Ҷойи баргузорӣ Толори калони ДБССТ
Масъулон Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат
Шарикон Вазорату идораҳо тибқи рӯйхат, корпуси дипломатӣ
12:00 – 14:00

Хӯроки нисфирӯзӣ барои иштирокчиёни Форум

Ҷойи баргузорӣ Тарабхонаи «Истаравшан»
Масъулон Кумитаи иттифоқи касаба, раёсати маъмурӣ-хоҷагидорӣ
14:00 – 16:00

Мизи мудаввари байналмилалӣ «Стандартҳои авруосиёии таҳсилоти соҳибкорӣ: омода намудани соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ»

Ҷойи баргузорӣ Толори хурди ДБССТ
Масъулон Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, раёсати таълим, Академияи сайёҳӣ, факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти байналмилалӣ
Шарикон Иттиҳоди байналмилалии таълимии «Деловая Евразия»
17:30 – 19:00

Чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ»

Ҷойи баргузорӣ Филармонияи давлатии Тоҷикистон
Масъулон Раёсати тарбия ва робита бо ҷомеа, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ
Шарикон Вазорати фарҳанг, МД «Театри миллӣ»
19:00 – 20:30

Хӯроки шом

Ҷойи баргузорӣ Маркази Ош
Масъулон Кумитаи иттифоқи касаба, раёсати маъмурӣ-хоҷагидорӣ
14 октябри

Рӯзи 2

14 октябри 2026

09:00 – 12:00

Конфронси байналмилалии «Сайёҳӣ ва тамоюлҳои муосири робитаҳои байнифарҳангӣ»

Ҷойи баргузорӣ Меҳмонхонаи «Serena Dushanbe»
Масъулон Институти таҳсилоти фосилавӣ, факултети гуманитарию педагогӣ, факултети забонҳои хориҷӣ, факултети муштарак
Шарикон Вазорати маориф ва илм, Кумитаи забон ва истилоҳот, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
09:30 – 12:00

Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон: иқтидор, стандартҳо ва ҳамкории байналмилалӣ»

Ҷойи баргузорӣ Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»
Масъулон Академияи сайёҳӣ, Донишкадаи байналмилалии Левакант, Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, Донишкадаи байналмилалии Данғара
Шарикон Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск, озмоишгоҳи илмӣ — Маркази таҳқиқоти муқоисавии минтақавии «Россия — Осиёи Марказӣ»
10:00 – 12:00

Конференсияи байналмилалии «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ»

Ҷойи баргузорӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Масъулон Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат
Шарикон Донишгоҳи Лейбнитси Ҳанновер ба номи Готфрид Вилҳелм (Олмон)
13:00 – 15:00

Конфронси байналмилалии «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ»

Ҷойи баргузорӣ Толори хурди ДБССТ
Масъулон Факултети ҳуқуқшиносӣ, факултети идоракунии давлатӣ, факултети фаъолияти гумрукӣ
Шарикон Вазорати адлия, Суди олӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
15:00 – 17:00

Мастер-класс дар мавзӯи «Татбиқи зеҳни сунъӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккули судҳои рақамӣ»

Ҷойи баргузорӣ Толори хурди ДБССТ
Масъулон Факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва байналмилалӣ (шахси масъул: Меликов У. А., тел.: +992 100-40-08-79)
Шарикон Суди олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди шаҳри Душанбе, Суди олии иқтисодӣ
Тренер Салиев Илдар Рустамович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, ҳуқуқшиноси соҳаи кибер, муассиси ширкати «Aidagis»
Иштирокчиён Намояндагони мақомоти судӣ, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, докторантон, аспирантон
Мақсад Тоҷикистон имконияти нодир дорад, ки адлияи рақамии аз вобастагии беруна озодро бунёд намояд — бо додаҳо, инфрасохтор ва алгоритмҳои худӣ. Бо ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ тавассути контури пӯшида, тозакунӣ ва таълими моделҳои кушода ва дар дурнамо эҷоди моделҳои худӣ, кишвар на танҳо ҷаҳиши технологӣ, балки амнияти миллӣ, боварии шаҳрвандон ва соҳибихтиёрии ҳақиқии адлияи рақамиро таъмин намуда метавонад. Дар мастер-класси мазкур олими шинохтаи Россия, усулҳои муосири татбиқи зеҳни сунъӣ дар судро муаррифӣ менамояд.
14:00 – 17:00

Конфронси байналмилалии «Моделҳои инноватсионии рушди соҳибкорӣ дар шароити муосир»

Ҷойи баргузорӣ Меҳмонхонаи «Кангурт»
Масъулон Факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти байналмилалӣ, факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, факултети рушди устувор ва иқтисоди сабз
Шарикон Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
14:00 – 17:00

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ «Механизмҳои молиявӣ ва сармоягузории рушди сайёҳии устувор»

Ҷойи баргузорӣ Толори № 304-и ДБССТ
Масъулон Факултети молия, факултети фаъолияти бонкӣ
Шарикон Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, КВД БА «Амонатбонк», бонкҳои тиҷоратӣ
15 октябри

Рӯзи 3

15 октябри 2026

08:00 – 19:30

Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ «Кишоварзии устувор ва сайёҳии гастрономӣ: таҷрибаи Тоҷикистон ва ҷаҳон»

Ҷойи баргузорӣ Шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор
Масъулон ИИТ рушди устувор ва иқтисоди сабз, ИИТ сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия
Шарикон Вазорати кишоварзӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, МИҲД-и ш. Турсунзода ва ш. Ҳисор
15–16.10, 07:00 – 20:00

Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ «Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон»

Ҷойи баргузорӣ Ноҳияи Дарвоз
Масъулон Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, Литсейи касбии дӯзандагӣ, Литсейи туризм ва хизмат
Шарикон Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, МИҲД-и ВМКБ ва ноҳияи Дарвоз
16 октябри

Рӯзи 4

16 октябри 2026

07:00 – 20:00

Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон»

Ҷойи баргузорӣ Шаҳри Норак, ноҳияи Данғара
Масъулон Академияи сайёҳӣ, Донишкадаи байналмилалии Данғара, Донишкадаи байналмилалии Левакант, коллеҷу литсейҳои ДБССТ воқеъ дар вилояти Хатлон
Шарикон Вазорати кишоварзӣ, МИҲД-и вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак
08:00 – 17:00

Олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ дар байни донишҷӯён

Ҷойи баргузорӣ ДБССТ
Масъулон Раёсати илм ва инноватсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Академия, донишкадаҳо, факултетҳо
Шарикон Вазорати маориф ва илм
17 октябри

Рӯзи 5

17 октябри 2026

09:00 – 12:00

Иштироки меҳмонони Форум дар Барномаи байналмилалии фарҳангию сайёҳӣ дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон

Ҷойи баргузорӣ Шаҳри Душанбе, боғи Фирдавсӣ
Масъулон Ҳамаи воҳидҳои сохтории Донишгоҳ
Шарикон Вазорати кишоварзӣ, МИҲД-и шаҳри Душанбе
08:00 – 17:00

Конфронс-намоишгоҳи байналмилалӣ «Мероси Суғди бостонӣ»

Ҷойи баргузорӣ Шаҳри Хуҷанд
Масъулон Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, коллеҷу литсейҳои тобеи ДБССТ дар вилояти Суғд
Шарикон Вазорати фарҳанг, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, МИҲД-и вилояти Суғд
14–18 октябр

Чорабиниҳои канорӣ

14–18 октябр

14–18.10.2026

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ аз намуди обӣ ва роҳнавардии масофавӣ

Ҷойи баргузорӣ Шаҳри Душанбе
Масъулон Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон
Шарикон Кумитаи кор бо ҷавонон, МИҲД-и шаҳри Душанбе
14–15.10.2026

Мастер-класси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди фарҳанги хизматрасонӣ барои сайёҳон дар шароити муосир»

Ҷойи баргузорӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Масъулон Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ

Ба Форум ҳамроҳ шавед