Сайёҳии устувор ва
мероси фарҳангӣ
2026
Форуми байналмилалӣ дар айёми таҷлили Меҳргон — ҷашни бостонии ҳосил ва фаровонӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
То ифтитоҳи Форум
6
рӯзи форум
14
чорабинӣ
7
шаҳру ноҳия
3
забони корӣ
Платформаи муколамаи фарҳангҳо ва рушди устувори сайёҳӣ
Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» ҳамчун платформаи илмию амалӣ, фарҳангию намоишӣ ва сайёҳӣ баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро ба ҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи куҳан, табиати нотакрор, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои ғании мардумӣ ва фарҳанги меҳмондорӣ барои рушди сайёҳии устувор, фарҳангӣ, этнографӣ, экологӣ ва гастрономӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Меҳргон — ҷашни ҳосил, фаровонӣ, меҳнати созанда ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат. Ин ҷашни бостонӣ анъанаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмондории тоҷиконро таҷассум менамояд.
Баргузории Форум дар айёми Меҳргон ба меҳмонони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар баробари иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ, бо ҷашни ҳосил, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва гуногунрангии таърихию фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Ҳадафи Форум
Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди сайёҳии устувор ва ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ, муаррифии Меҳргон ҳамчун ҷашни ҳосил ва падидаи нодири фарҳангӣ, инчунин ташаккули ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.
Меҳргон — меҳвари Форум
Меҳргон — ҷашни ҳосил, фаровонӣ, меҳнати созанда ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат. Ин ҷашни бостонӣ анъанаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмондории тоҷиконро таҷассум менамояд.
- Ҷашни Меҳргон соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид
Чорабиниҳо дар саросари Тоҷикистон
- Душанбе
- Турсунзода
- Ҳисор
- Норак
- Хуҷанд
- Данғара
- Дарвоз
Вазифаҳои калидии Форум
Муаррифии байналмилалии Меҳргон ва арзишҳои таърихию фарҳангии он
Баррасии тамоюлҳо ва моделҳои муосири рушди сайёҳии устувор
Рушди сайёҳии фарҳангӣ, этнографӣ, кишоварзӣ ва гастрономӣ
Табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ
Нақши кишоварзии устувор дар таъмини амнияти озуқаворӣ
Муаррифии маҳсулоти маҳаллӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Механизмҳои молиявию сармоягузорӣ ва заминаҳои ҳуқуқии рушди сайёҳӣ
Дастгирии соҳибкорӣ ва ташаббусҳои инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, илмӣ ва академӣ
Самтҳои асосии Форум
Ҳифз ва истифодаи устувори мероси фарҳангӣ
Меҳргон, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ ва сайёҳии гастрономӣ
Сайёҳии таърихию фарҳангӣ, этнографӣ, экологӣ ва варзишӣ
Механизмҳои молиявӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии рушди сайёҳӣ
Рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия
Робитаҳои байнифарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ
Иштирокчиёнро чӣ интизор аст
Дар доираи Форум ҷаласаи ифтитоҳӣ, конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ, экспедитсияи илмию сайёҳӣ, фестивалу намоишгоҳҳои фарҳангию гастрономӣ, муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, барномаҳои фарҳангӣ, олимпиадаҳои байналмилалии донишҷӯён ва мусобиқаҳои байналмилалии варзиши сайёҳӣ баргузор мегарданд.
Маросими ифтитоҳ
Конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ
Экспедитсияи илмию сайёҳӣ
Фестивалҳои фарҳангию гастрономӣ
Намоишгоҳҳо ва муаррифии маҳсулот
Хатсайрҳои сайёҳӣ
Олимпиадаҳои донишҷӯён
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ
Форум чӣ медиҳад
Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанг
Тавсияҳои амалӣ оид ба рушди сайёҳии устувор ва кишоварзии устувор
Муаррифии Меҳргон ҳамчун бренди фарҳангию сайёҳии Тоҷикистон
Хатсайрҳо ва маҳсулоти нави сайёҳии фарҳангию гастрономӣ
Тавсеаи робитаҳои илмӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Муаррифии маҳсулоти маҳаллӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси ғании фарҳангӣ
Киҳоро даъват менамоем
Барои иштирок дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, бонкҳо, соҳибкорон, сармоягузорон, коршиносон, ҳунармандон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти маҳаллӣ, олимону донишҷӯён ва воситаҳои ахбори омма даъват карда мешаванд.
Ба Форум ҳамроҳ шавед
Бақайдгирии иштирокчиён оғоз шудааст. Шуморо дар айёми ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон интизорем.
Забонҳои кории Форум: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарикони форум
Кумитаи ташкилии Форум
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд.